Матни равон

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба ноҳияи Вахш ташриф оварданд.

Ҳадафи сафари Сарвари давлат ба ноҳияи Вахш шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаҳои зарардидаи ноҳия мебошад.

Боздиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои осебдидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон” оғоз шуд. Сарвари давлат аз рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва ҷараёни корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматии оилаҳои зарардида шинос шуда, бо сокинон суҳбату мулоқоти озоду самимӣ анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 11 майи соли 2021 бар асари боридани боронҳои бошиддати пай дар пай ва омадани сел, ба хоҷагиҳои ноҳияи Вахш, аз ҷумла деҳоти “Машъал”, “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ва “Ваҳдат” хисороти калони иқтисодӣ расида, дар натиҷа 41 манзили истиқоматӣ пурра, 33 хона қисман, 130 иншооти ёрирасони хоҷагиҳо, 8 адад пул, 10 километр роҳҳои автомобилгард ва майдони 1933 гектар зироатҳои кишоварзӣ хароб гардид. Мутаассифона ин ҳодиса боиси як талафоти ҷонӣ шуд. Маҷмӯан, зарари умумии расонидаи офати табиӣ 22 миллиону 711 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Пас аз шиносоӣ бо рафти сохтмони манзилҳои истиқоматӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқоти самимию судманд баргузор намуданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ дар канори осебдидагон буд ва бо расонидани кӯмакҳои саривақтӣ имконият даст дод, ки сохтмони манзилҳои нав ҳарчӣ зудтар оғоз ёбад. Хушбахтона то ба имрӯз аллакай қисми бештари корҳои сохтмонии хонаҳое, ки ба сокинони зарардида пешбинӣ гардидааст, сомон ёфтааст.

Зикр шуд, ки зарари расонидаи офати табиӣ ба пуррагӣ барқарор гардида, барои зисту зиндагонии сокинон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад ва хонаҳои истиқоматӣ бо тамоми ашёи зарурии рӯзгор таъмин хоҳанд гашт.

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида, ба истифода додани иншооти гуногун, шиносоӣ бо рафти амалишавии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар деҳаи Навободи деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва шароити зисти сокинони аз офати табиӣ зарардида шинос шуда, бо онҳо суҳбат намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар мавзеъи нав, ки барои бунёди хонаҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида ҷудо гардидааст, айни замон корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад. Дар ин ҷо барои 20 оила хонаи истиқоматӣ, бо дарназардошти тамоми шароит бунёд ёфта истодааст ва то ба имрӯз аллакай қисми бештари он болопӯш карда шуда, сохтмончиён ба рангу бор ва ороиши дохилӣ ҳуҷраҳо машғуланд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба маълумоти сокинони шаҳри Гулистон мерасонад, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 19.06.2021 соати 10:00 дар бинои хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз ҷониби сардори Раёсати экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаи онҳои Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ, подполковники адлия Зарифӣ Д.Н. қабули шахсии сайёри шаҳрвандони шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои он гузаронида мешавад.

Аз ин лиҳоз, ҳамаи хоҳишмандон метавонанд доир ба масъалаҳои шахсӣ ва масъалаҳои муқоивмат ба коррупсия муроҷиат намоянд.

Нимаи дуюми рӯзи 12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии вилоят дар панҷ моҳи соли 2021, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳо барои давраи оянда муайяну мушаххас гардид.

Таъкид шуд, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ин ҷашни воқеан муқаддасу бузург дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то имрӯз бунёду азнавсозии 6967 иншооту биноҳо ба итмом расидааст, ки 91,9 фоизи нақшаи тасдиқшударо ташкил медиҳад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4030
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5346
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13754
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:69832
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7711752

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?