Таҳти ин унвон имрӯз, 30.08.2022 дар ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо сокинони ҷамоати шаҳрак вохӯриву мулоқот доир гардид.
Дар вохӯрӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст паёми табрикии Раиси вилояти Суғд оид ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури иштирокчиён гардонида шуд.






Имрӯз, 30.08.2022 дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо дар КВ “Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум" бахшида ба таҷлили сазовори 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии падидаҳои номатлуб, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи "Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва захираи маводи ғизоӣ барои давраи тирмоҳу зимистонгузаронӣ, бо иштироки масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон , бо иштироки васеи кормандон доир гардид.
Имрӯз, 29 августи соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроиияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон машварати кории назди Раиси шаҳр оид ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 17 июни соли 2022, №147 “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ” баргузор гардид.
Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таҷдиду азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо бо маром ҷараён доранд.
Имрӯз, 26.08.2022 дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳаракати ҷамъияти ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон маҳфили илмӣ-адабӣ ва хониши сиёсӣ таҳти унвони “Истиқлолият – дастоварди бузургтарини миллӣ” бо иштироки фаъолои ҷамоати шаҳрак баргузор карда шуд.















