
Дар истироҳатгоҳу осоишгоҳҳои шаҳри Гулистон, ки аз минтақаҳои сайёҳии вилояти Суғд маҳсуб меёбад, давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ беш аз 13 ҳазор нафар сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ табобат гирифтаанд.
Дар Гулистон теъдоди зиёди осоишгоҳҳо мавҷуд буда, дар шаҳри соҳили Баҳри тоҷик барои истироҳату табобат беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.
Яке аз чунин осоишгоҳҳои маъруф "Соҳил" буда, айни замон сохтмони бинои иловагии он идома дорад. Тавре зимни шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, бо сохта шудани бинои нав теъдоди катҳои осоишгоҳ ба 230 адад расид. Бо ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ барои муолиҷа ва табобату истироҳати муштариён дастгоҳҳои наву замонавӣ ворид ва насб карда хоҳад шуд.






Ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ва фабрикаҳои мурғпарварӣ идома дорад.
Тибқи ба дастуру супоришиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода оид ба захира намудани маводи ғизоӣ ҳамчунин оид ба зимистонгузаронӣ ва самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин суҳбату вохўриҳо ва гардиши хона ба хона, маҳалла ба маҳалла ҳамарӯза баргузор шуда истодааст.
Дар доираи даври сездаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якуми кишвар санаи 20.08.2022 дастаи "Душанбе"-и шаҳри Душанбе дар майдони худ дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистонро қабул намуд.














