Матни равон

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон  ҷиҳати баррасӣ ва татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 28 июли соли 2022 ироа гардид, бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, ҷаласаи васеи корӣ баргузор шуд.

Дар рафти ҷаласа вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои назди ҳавлигӣ ва таъмини оилаи худ бо меваю сабзавоти хушсифат ҳамчунин тариқи консервакунонӣ, захира намудани маводи ғизоӣ барои зимистон ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

28 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст масъалаҳо Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли 2022 ва Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 баррасӣ гардиданд.

Доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ҳисобот дод.

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Красновро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои вобаста ба таъмини амният ва ҳамкории ҳуқуқӣ дар чорчӯби шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид.

Дар ин зимн мавзӯъҳои таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи шаҳрвандони ду кишвар аз ҳама гуна зуҳуроти ҷиноятӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.

Имрӯз, 25 июли соли 2022 бо иштироки Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода машварати корӣ доир ба гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани ҷавонписарон  ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 баргузор гардид.

Дар кори машварат муовин, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, сардорони раёсатҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, раисони маҳаллаҳо ва комиссари ҳарбӣ ширкат намуданд.

Имрӯз, 22 июли соли 2022  зимни сафари корӣ Раиси шаҳри Гулистон  Раъно Ҳошимзода дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон бо  мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадори меҳнат ва сегоникҳоро аёдат намуда аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар шуд.

Зимни суҳбат аёдатшудагон шукронаи Ватан-Тоҷикистони соҳибистиқлол намуда, дар ҳаққи Пешвои муаззами миллат ва рушди босуботи кишвари соҳибистиқлол дуои нек карданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1458
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2265
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1458
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22027
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:100744
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9660426

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?