12 август Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нави Маркази адлия дар шаҳри Гулистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати адлия ва сохторҳои он бунёд карда шуд. Корҳои сохтмонию бинокории бинои маркази адлия дар шаҳри Гулистонро ҶДММ «Чашма»-и шаҳри Панҷакент бо сифати хуб ба иҷро расонидааст.
Иншоот аз ду ошёна бо таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якум равзанаи ягона, китобхона бо гирд овардани китобҳои нависандагони маъруфи тоҷик ва дастурҳои соҳавӣ, утоқи кории кормандону мутахассисони Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Гулистон, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории нотариусони давлатӣ ва толори ақди никоҳ ҷой дода шудаанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Коргоҳи коркарди меваи хушки ҶСК «Конибодом» оғоз бахшиданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом шаҳраки кӯдаконаи «Кайҳон»-ро ба истифода доданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон боғи истироҳатию фароғатии «Истиқлол»-и шаҳри Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






Имрӯз, 11 август дар толори Кохи Истиқлоли шаҳри Гулистон бо иштироки собиқадорон, мураббиён, варзишгарон ва аҳли ҷамоатчигӣ ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон доир гардид.
11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ дар вилояти Суғд бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодомро ба истифода доданд.
Дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи хизматрасонии “Тоҷи заррин”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва ба 100 нафар ятими кулл аз шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров туҳфа тақдим карданд.
11 август дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳо ба таҷлили шоистаи ҷашнҳои бузурги таърихӣ: 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.














