Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Аз соли 2016 инҷониб ҳамасола рӯзи 15-уми сентябр - Рӯзи шаҳри Гулистон ҷашн гирифта мешавад.

Пас аз таҷлили бошукӯҳи иди бузурги миллӣ ва давлатиамон - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили рӯзи шаҳрамон, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст, идомаи мантиқии шукӯҳу ҷалол ва шаҳомати Истиқлоли давлатӣ мебошад.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахши фасли тирамоҳи заррин, ки дар партави сиёсати ояндасозу хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифи кишвар қадамҳои устувори хешро дар эъмори давлати соҳибихтиёру соҳибмақом дар арсаи ҷаҳон мегузорад, мардуми шарифи шаҳри Гулистон бо рӯҳияи баланди ватандорӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ аз сафари навбатии Пешвои муаззами миллат ба вилояти Суғд ба корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ камари ҳиммат маҳкам бастаанд.

Шаҳри Гулистон ҳамчун маркази маъмурии тобеи ҷумҳурӣ 4-уми январи соли 1963 таъсис ёфта, ба тобеияти шаҳр шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Зарнисор, Чоруқдаррон, Сирдарё ва Навгарзан дохил мешаванд ва онҳо аз маркази шаҳр дар масофаи то 230 километр дуртар ҷойгир шудаанд. Алҳол аҳолии шаҳр якҷоя бо ҷамоати шаҳракҳо беш аз 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Шаҳри моро шаҳри “Дӯстии халқҳо” низ меноманд.

Имрӯз дар ҳудуди шаҳр миллату халқиятҳои гуногун аҳлона ба кору зиндагӣ машғуланд.

Шаҳри Гулистон дар зарфи 31 соли Истиқлоли давлатӣ ба яке аз марказҳои азими саноатӣ ва сайёҳии вилояту ҷумҳурӣ мубаддал гардида, дар пешрафти, махсусан соҳаи саноати кӯҳии кишвар ва туризм нақши арзандаи худро касб намудааст.

Боиси ифтихормандии мо гулистониён аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи беш аз 20 корхонаҳои саноатӣ, иншооти иҷтимоӣ ва фарҳангиву сайёҳӣ дар шаҳри Гулистон бевосита иштирок дошта, баҳри пешрафти бунёдии соҳаи хоҷагии халқи шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Истиқлолият барои баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ, риояи меъёрҳои он, инчунин ҳифзи ин мероси бебаҳои ниёгон ва рушди забони давлатӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард ва як рукни муҳими давлатдории моро таҳким бахшид. Бо ибтикор ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат номи яке аз шаҳракҳои мо ба номи зебои тоҷикӣ – Зарнисор, ҳамзамон номи шаҳр низ ба номи мубораки Гулистон табдил ёфтанд. Дар ин замина, номи деҳаҳо, номи кӯчаҳо ба номи шевову гӯшнавози тоҷикӣ, аз қабили Зарчашма, Навобод, Гулдара, Ганҷбахш ва монанди ин иваз карда шуданд.

Таҷлили Рӯзи шаҳр анъана ва таърихи бисёрҳазорсола дорад. Алҳол шаҳрҳои дунё Рӯзи шаҳрро бо сабку усули хоса ҷашн мегиранд.

Боварӣ дорам, ки таҷлили Рӯзи шаҳри Гулистон барои ҳар яки мо мояи ифтихор гардида, моро барои вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар партави зиндагиафрӯзи Истиқлоли давлатӣ ҳидоят хоҳад кард.

Бо самимият ҳамагонро бо таҷлили Рӯзи шаҳри Гулистон муборакбод намуда, бароятон офияту сарсабзӣ, саодату иқболи нек, хонаободӣ ва дар кору пайкоратон музаффариятҳои тоза ба тоза орзу менамоям.

Рӯзи шаҳри Гулистон муборак, ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3904
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16084
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49683
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7691603

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?