Матни равон

15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанд бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.

Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати раёсати муваффақонаи Ҷумҳурии Узбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай табрик гуфтанд.

Дар мулоқот сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карданд.

Сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба дар доираи шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ зикр гардид. Инкишофи минбаъдаи ҳамкории ду кишвар дар ин рӯҳия ба манфиатҳои бунёдӣ ва ормонҳои ду халқи бародар мувофиқ дониста шуд.

Ҷонибҳо ба натиҷаҳои музокироти боварибахш дар сатҳи баланд дар ҷараёни сафари охири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон баҳои баланд доданд. Президенти мамлакат изҳори итминон карданд, ки татбиқи мунтазами созишҳои ҳосилшуда ба ҳамкории ҷонибҳо дар ҳама ҷабҳаҳо такони сифатан нав мебахшад.

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ аз самти афзалиятноки равобити ду кишвар номида шуда, сатҳи баланди гардиши савдои мутақобила зикр гардид.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуда, аз оғози татбиқи лоиҳаи сохтмони муштараки ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон, ба роҳ мондани робитаҳои мустақими роҳи оҳан байни пойтахтҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Сарони давлатҳо аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарии ду кишварро таъкид карданд.

Ҷонибҳо пурмазмун кардани рӯзномаи муносибатҳои дутарафаро бо масъалаҳои нав ба манфиати ду кишвар номиданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:25
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5237
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20907
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:36007
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:37145
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:135558
mod_vvisit_counterҲамагӣ:6027755

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?