
30 август таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст ҳисоботи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» шунида шуд.
Таъкид гардид, ки Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 ҳамчун як ҷузъи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати дар амал татбиқ кардани сиёсати давлатии шуғли аҳолӣ ва дар ин замина таъмини суботи иҷтимоию иқтисодӣ нақши муҳим дорад.






30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба роҳбарону кормандони сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, низомӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ супориданд.
Имрӯз, 30.08.2022 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз вазъи омодагии муассисаҳои таълимии №1, №14 ва гимназияи №1-и маркази шаҳр ва МТМУ №3-и Ҷамоати шаҳраки Консой боздид ба амал овард.
Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимои давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба иду ҷашнҳои давлатӣ ва суннатӣ ба онҳо пайваста кумакҳои моливу молиявӣ мерасонад.
Имрӯзҳо дар ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳрак корҳои ободонӣ бо маром ҷараён доранд.















