
12 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон хонум Соҳиба Ғаффороваро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо ба рушди пай дар пайи ҳамкории байнидавлатӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон аҳамияти пайваста медиҳем.
Аз анъанаҳои неки дӯстию ҳамкории ҳалқҳо, муколамаи сиёсии эътимодбахши байни кишварҳо, аз ҷумла дар сатҳи баланд ва олӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, маориф, таъсиси квотаҳо барои донишҷӯёни тоҷик ва расондани кумаки моддӣ ба Тоҷикистон дар давраи пандемия изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, шахсиятҳо ва сиёсатмадорони маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 31-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатӣ
- Табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба ифтихори 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ






Имрӯз, 09.09.2022 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр ба муносибатии 31-солагии Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Имрӯз, 09.09.2022 дар толори Маркази адлияи шаҳри Гулистон маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони шаҳри Гулистон ба муносибати Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Имрӯз, 8 сентябри соли 2022 дар доираи даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дастаи "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъро ба ҳузур пазируфт.
8 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол”-ро ифтитоҳ карда, дар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.














