Матни равон

Имрӯз, 15.09.2022 дар даромадгоҳи Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр намоишҳои дастовардҳо дар доираи Аксияи “Албом-эстафета” таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва намоиши китобӣ таҳти унвони “Анҷумани саодати халқ” дидан намуданд.

Имрӯз, 15.09.2022 дар шаҳри Гулистон дар доираи Аксияи «Албом-эстафета» таҳти унвони 30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати Рӯзи шаҳри Гулистон ҳамоиш доир гардид.

Лозим ба зикр аст, ки иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баҳри арҷгузорӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтатам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.

Субҳи имрӯз 15.09.2022 дар даромадгоҳи шаҳри Гулистон таҳти роҳбариии Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода бо фаъолони ҲХДТ дар шаҳру вилоят дар вазъияти тантанавӣ албом эстафетаи Аксияи «Албом-эстафета»: 30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат»-ро аз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода қабул намуданд.

Лозим ба зикр аст, ки дар асоси ҳидоятҳои Роҳбарияти олии ҲХДТ ҷиҳати сазвор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихию беназири Асогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина дар замири насли имрӯзу фардои миллат бедор намудани эҳсоси баланди худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, огоҳ будан аз таърихи навини давлатдории миллӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  Аксияи «Албом-эстафета»-ро таҳти унвони 30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат»  ташкил ва роҳандозӣ шуда истодааст.

15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов, ҳокими вилояти Самарқанд Эркин Турдимов ва дигар намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон истиқбол гирифтанд.

Ташрифи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанд аз зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Узбекистон шодравон Ислом Каримов оғоз гардид.

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Аз соли 2016 инҷониб ҳамасола рӯзи 15-уми сентябр - Рӯзи шаҳри Гулистон ҷашн гирифта мешавад.

Пас аз таҷлили бошукӯҳи иди бузурги миллӣ ва давлатиамон - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили рӯзи шаҳрамон, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст, идомаи мантиқии шукӯҳу ҷалол ва шаҳомати Истиқлоли давлатӣ мебошад.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахши фасли тирамоҳи заррин, ки дар партави сиёсати ояндасозу хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифи кишвар қадамҳои устувори хешро дар эъмори давлати соҳибихтиёру соҳибмақом дар арсаи ҷаҳон мегузорад, мардуми шарифи шаҳри Гулистон бо рӯҳияи баланди ватандорӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ аз сафари навбатии Пешвои муаззами миллат ба вилояти Суғд ба корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ камари ҳиммат маҳкам бастаанд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3617
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5199
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15212
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24286
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:50547
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145970
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9862277

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?