
Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид.
Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат натиҷаҳои нишасти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро дар Самарқанд баррасӣ намуданд. Дар ин замина Пешвои миллат ба ҷанбаҳои ташкилӣ ва мундариҷавии ин рӯйдоди муҳими минтақавӣ баҳои баланд доданд.
Президенти Тоҷикистон аз Президенти Ҷумҳурии Узбекистон барои пазироии гарм ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос намуда, натиҷаҳои вохӯрии сарони давлатҳоро, ки дар чорчӯбаи он бастаи назарраси қарору санадҳо оид ба самтҳои мухталифи фаъолияти Созмон қабул гардиданд, баланд арзёбӣ карданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот анҷом доданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Иброҳим Раисӣ мулоқот карданд








16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок карданд.















