Имрӯз, 03.09.2022 дар шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ ва нисбат ба бозор бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ва кишоварзӣ бахшида ба Ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ярмаркаи мазкур ҷиҳати таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ ба роҳ монда шуд.
Дар ярмарка дар баробари кишоварзон корхонаҳои саноатии шаҳр, ки ба истеҳсоли маводи ғизоӣ машғуланд маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас - 10-15% арзонтар пешниҳод намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5 мактаби миёнаи русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маҷозӣ иштирок карданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии хусусии «Мактаби муосири байналмилалӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо аҳли маорифи пойтахт мулоқот намуданд






Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби раиси шаҳри Гулистон доир ба сазовор таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ҳамарӯза корҳои ободониву созандагӣ ҷараён гирифта истодаанд.
Субҳи имрӯз, 01.09.2022 ба ифтихори Рӯзи дониш ва оғози соли таҳсили 2022-2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр устодону хонандагонро ба ин муносибат табрику таҳният гуфт.















