Матни равон

Соҳибкорони гиромӣ!

Ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамасола дар ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад, кулли соҳибкорони шаҳрро табрику таҳният гуфта, бароятон муваффақияту комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, хусусан дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ислоҳоти куллиро мунтазам амалӣ намуда, имрузҳо натиҷаҳои назаррас дода истодааст.

Дар заминаи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, чор маротиба, аз ҷумла имсол низ ба ҳамагуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, мораторий эълон гардид.

Лозим ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26  декабри соли 2018 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

Ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ “Саноатикунонии босуръати мамлакат” ва бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ солҳои 2022-2026 яъно то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд.

Вобаста ба ин барои соҳибкорон имконияти васеъ фароҳам омадааст, ки ҷиҳати сохтани корхонаҳои саноатӣ ва саҳм гузоштан дар иҷрои ин тадбири муҳими созанда барои Ватан саҳмгузор бошанд.

Боиси хушнудист, ки дар шаҳри Гулистон шумораи умумии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорон ба ҳолати 1 октябри соли 2022 - 1049 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла 292 шахсони ҳуқуқӣ ва 757 нафар соҳибкорони инфиродӣ мебошанд, ки аз он бо Шаҳодатнома фаъолияткунанда 215 нафар ва бо Патент фаъолияткунанда 542 нафар мебошанд. Аз ин шумора 191 нафарашон занҳо мебошанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои заминаи мусоид фароҳам овардан ба соҳибкорон кӯшиш менамояд ва дар ин самт аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад.

Рӯзи соҳибкорон муборак бод!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1994
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1889
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1994
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17490
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:12799
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7745189

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?