Матни равон

Имрӯз, 15.09.2022 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр ҳамоиши ботантана дар доираи  аксияи ҷумҳуриявии "Албом-эстафета" таҳти унвони "30-соли ҳамбастагӣ бо Пешвои муаззами миллат" бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон  Ҷамолиён меҳмонони ҳамоиш, собиқадорони ҳизбу меҳнат, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, фаъолони ҳизб, занон ва ҷавонони КИ, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-ро ба ҳамоиш хайрамақдам гуфт.

Дар кори ҳамоиш Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каромулло Одилов ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки яке аз санаҳои бузурги  таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон  нақши барҷастае дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти ин санади тақдирсоз чунин таъкид намудаанд, ки: “Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рўйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон  тарҳрезӣ гардид”.

Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Афзуда шуд, ки дар Иҷлосия маҷмуъан 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот, ба монанди қонунҳо дар бораи авфи умумӣ, гурезагон, имтиёзҳо барои маъюбони ҷанги шаҳрвандӣ ва оилаҳое, ки саробони хешро аз даст дода буданд қабул карда шуд. Ҳамин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳидоятгари сокинони кишвар дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, бахшидани гуноҳони якдигар гардиданд. Орзуву омоли халқро ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташкили зиндагонии осоишта қавӣ намуда, боиси афзудани эътимоди шаҳрвандон ба ҳокимияти конститутсионӣ гардид.

Иҷлосия рамзҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро низ аз нав муқаррар кард. Дар он қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии Тоҷикистон» ва «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуда, ба Конститутсия дар бахши рамзҳои давлатӣ тағироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки пешрафти ҷомеа ва давлат, ҳаёти шоистаи зиндагии одамон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон танҳо дар шароити сулҳи иҷтимоӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазиранд.

Дар интиҳо фаъолон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон қадрдонӣ карда шуданд.

Сипас,  барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорон манзури иштирокчиёни ҳамоиш гардид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2643
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18990
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:52589
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7694509

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?