
20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро ба истифода доданд.
Бинои нави таълимӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар асоси стандартҳои муосири байналмилалӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ бо тарҳу лоиҳаи муосир ва бо дарназардошти унсурҳои меъмории миллӣ бо сифати баланд бунёд гардида, аз таҳхона ва 5 ошёна иборат аст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нав барои 6 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои 66 синфхонаи барҳавои лексионӣ, аз ҷумла озмоишгоҳҳои кафедраи фаъолияти гумрукӣ, иқтисоди рақамӣ, маркази бонки таълимӣ ва шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, 25 ҳуҷраи корӣ, 4 толори конфронсӣ, лексионӣ, шӯрои диссертатсионӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Ҳамчунин дар бино ду лифти замонавӣ насб гардидааст.






Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои шуъбаи дар ноҳияи Сино будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Шуморо самимона ба ифтихори 35-умин солгарди мавлуди муборакатон табрику таҳният намуда, бароятон тансиҳатӣ, бахту иқболи нек ва дар фаъолияти пурсамари меҳнатиатон, ки ба рушду нумуи кишвари азизамон равона гардидааст комёбиҳо таманно менамояд.
Имрӯз, 18.12.2022 дар назди бинои шуъбаи маорифи шаҳр иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ"-ро ки бо дастовардҳои назаррас баргаштанд роҳбарияти шаҳр, аҳли зиё - омӯзгорону хонандагон ва волидон самимӣ истиқбол намуданд.














