24.11.2022, ш.Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Имрӯз сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як санаи муҳимми таърихӣ – сиюмин солгарди қабули Парчами давлатиро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар таҷлил менамоянд.
Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.
Чанд рӯз пеш мо – мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз санаҳои муҳим ва тақдирсози таърихи миллат – 30-юмин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олиро, ки Парчами давлатӣ маҳз дар ҷараёни баргузории он 24-уми ноябри соли 1992 қабул гардид, ботантана таҷлил намудем.
Соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ки дар он парчами кишварамон дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон дарҷ гардид.







Имрӯз, 23.11.2022 дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон ба ифтихори 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ таҳти унвони “Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон!” бо иштироки ҷавонони муассисаҳои таълимии №1, №8, №14 ва гимназияи №1 баргузор карда шуд.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати амалигардонии "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2017-2022" аз рӯи нақшаи чорабинии барномаи мазкур курси кутоҳмуддати "Зан сарвар" санаи 21.11.2022 дар МД Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон оғоз гардид.














