Дар қасри фарҳанги Ҷамоати шаҳарки Адрасмони шаҳри Гулистон Ҳамоиши илмӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сокинон ва кормандони касбу кори гуногун ва ҷавонон баргузор гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардид.
Дар кори ҳамоиш мудири бахши окр бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, раиси ҷамоати шаҳрак Сарҳат Баротзода ва собиқадори меҳнат Туйчиқул Усмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Қасри «Арбоб» дидан карданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи «30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» ба истифода доданд
- Табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






Имрӯз, 19 ноябри соли 2022 аз тарафи прокурори шаҳри Гулистон мушовири адлияи дараҷаи 1 муҳтарам Вазирзода Вазир Зокир дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон, ки аз маркази шаҳр дар фосилаи 130 км ҷойгир шудааст бо истиқоматкунандагони шаҳрак қабули сайёри шаҳрвандон гузаронида шуд.
Санаи 18-уми ноябри соли 2022 дар асоси нақшаи баргузории силсилаи мулоқоту вохўриҳо дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва хониши сиёсӣ таҳти унвони 30-соли ҳамбастаги бо Пешвои муаззами миллат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрдории ҷавонону наврасон ва манфиатҳои миллӣ, дар муассисаи таълимии №12-и деҳаи Зарчашмаи ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо ҷавонони синни 14-18 сола вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар остонаи таҷлили ҷашнҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои кумаки авалияи санитарию тиббии шаҳри Гулистон 1 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббии муҷаҳҳаз бо ҳамаи таҷҳизоти зарурӣ тақдим карда шуд.
16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар чорабинии тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.














