Муҳтарам кормандони мақомоти молияи шаҳр!
Ҳамасола санаи 7-уми декабр Рӯзи кормандони мақомоти молия дар кишварамон таҷлил мегардад. Шумо кормандони Раёсати молияи шаҳрро бо иди касбиатон табрику таҳният намуда, бароятон солимӣ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳои тоза ба тоза таманно дорам.
Ҳанӯз дар даврони Сомониён низоми молиявӣ ташкил ва рушд ёфта, дар даврони сулолаи ориёӣ низоми ташаккули идоракунии захираҳои молиявӣ ва усулҳои пешқадами муомилоти пулӣ амал мекарданд, ки вобаста ба замон аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ такмил ёфтанд. Дар даврони шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми молиявӣ ба сохти дигар ташкил ёфта, тӯли беш аз 70 сол рушд карда, мавриди истифода қарор гирифт.
Баъди таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон сохтори муташаккилу бонизоми молия ба фаъолият шурӯъ намуд. 7 декабри соли 1924 Комиссариати халқии молияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо қарори Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. 23 июни 1993 бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати молия ҳамчун сохтори алоҳида ба фаъолият пардохт.







Дар доираи дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои милллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 05.12.2022 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии маъюбон якчанд нафар шахсони дорои имконияташон маҳдудро аёдат намуд.
Имрӯз, 03.12.2022 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар асоси барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро баргузории ҳашари тозагиву ободониро дар шаҳр ба роҳ монд.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳр имрӯз 03.12.2022 дар маркази шаҳр Ярмарка-фурӯши маҳсулоти агросаноатӣ баргузор карда шуд.














