Имрӯз, 22.12.2022 бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар толори шабакаҳои барқии шаҳри Гулистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд.
Дар ҷамъомади мазкур муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол ҳайдар, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирок намуданд.
Раис шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кормандони соҳаи энергетикаро бо Рӯзи иди касбӣ муборакбод намуда, зикр кард, ки ба даст овардани истиқлолияти энерегетикӣ яке аз ҳадафҳои асосии мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин замина дар партави сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи энергетика дар даврони истиқлолият ба рушди бесобиқа ноил гардид.
Ба кор андохтани чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар таърихи Тоҷикистон бо хати зарҳал навишта шуда, нишонаи иродаи матини мардуми тоҷик ва Давлати соҳибистиқлол мебошад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе ба истифода доданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансур ҶДММ «Қолинҳои Душанбе»-ро мавриди истифода қарор доданд






Муҳтарам кормандони соҳаи энергетика!
Санаи 20-уми декабри соли 2022 дар асоси нақшаи баргузории силсилаи мулоқоту вохўриҳо дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва хониши сиёсӣ таҳти унвони пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи ва пешгирии омилҳои коррупсиони ҷавонону ва манфиатҳои миллӣ, дар МТМУ №6-и ҷамоати шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон бо ҷавонони синни 14-18 сола вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шудаистодааст.
Имрӯз, 21 декабри соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум доир гардид.














