Матни равон

Имрӯз, 10 марти соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум доир гардид.

Кори Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома оғоз гардид.

Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, муовини Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи иҷлосия ҳафт масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иҷлосия  таҳти роҳбарии Раиси шаҳр  Раъно Ҳошимзода баргузор шуд.

Аз рӯи масъалаи якум оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” аз 1 июни соли 2021 муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода суханронӣ намуд.

Зикр гардид, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” аз 1 июни соли 2021, №187, ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 октябри соли 2021, №485, қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 18 ноябри соли 2021, №287 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”  ва нақшаи амал оид ба амалисозии  Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар шаҳри Гулистон дар 33 банд ба тасвиб расидааст.

Ҳамчунин, дар ҳамаи шуъбаву бахшҳо, ташкилоту муассисаҳо, ҷамоати шаҳракҳо нақшаҳои дохилиидоравӣ таъсис дода шуда, ҷиҳати иҷрои нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар шаҳр корбарӣ ба роҳ монда шуд.

Доир ба амалисозии марҳилаи дуюми Стратегия, ки  вазифаҳои ин марҳила иборат аст аз вусъат бахшидан ба татбиқи чорабиниҳо, ташкил ва ҷорӣ намудани механизмҳои пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм, ки бояд дар солҳои 2022-2023 иҷро шаванд аз ҷониби шуъбаву бахшҳо, корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо ва ҷамоати шаҳракҳо мунтазам корбарӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ин давра чорабиниҳои гуногун аз қабили конференсияҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳои омӯзишӣ, маҳфилҳои илмӣ ва мулоқоту вохӯриҳо, ҷиҳати ба самъи сокинон ва ҷавонону наврасон расонидани моҳияти Стратегияи мазкур ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистию террористӣ дошта, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳӣ, ҳидоят намудан ба роҳи рости зиндагӣ ва дӯст доштани Ватан мунтазам баргузор гардида истодаанд.

Таъкид гардид, ки минбаъд низ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” аз 1 июни соли 2021, №187, қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 октябри соли 2021, №485 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 18 ноябри соли 2021, №287 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва нақшаи амал оид ба амалисозии  Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар шаҳри Гулистон мунтазам корбарӣ ба роҳ монда мешавад.

Доир ба масъалаи мазкур Муҳаббатов Амир Муҳаммадшоевич вакил аз њавзаи интихоботии “Маърифат”, №27 ба музокира баромад.

Доир ба масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳанг аз ҷониби раиси комиссия Муслимахон Ҷамолиён вакил аз ҳавзаи интихоботии шунида шуд.

Оид ба масъалаи сеюми рӯзнома пешниҳоди Комиссияи номгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон доир ба қисман номгузорӣ намудани кӯчаи Гулистон аз хонаи Гулистон №49 то Гулистон №65 ба номи Абдусатторов Эркин Турдибоевич аз ҷониби раиси Комиссияи номгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон ироа карда шуд.

Оид ба масъалаи чоруми рӯзнома ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Навобод” №24 Раҳматҷон Мадаминов шунида шуд.

Тибқи масъалаи охири рӯзнома тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Доир ба ҳамаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода доир ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар шаҳри Гулистон изҳори назар намуд.

Ҳамчунин, сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи Раёсати Кумитаи давлатии аминияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Иззатов Лутфулло Бобиевич ва Прокурори шаҳри Гулистон Вазирзода Вазир Зокир доир ба арзёбии иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар шаҳри Гулистон суханронӣ намуда, доир ба тақвият бахшидани корҳо дар ин самт пешниҳодҳо манзур намуданд.

Дар фарҷом Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода оид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолияти соҳаҳои хоҷагиии халқи шаҳр ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори Иҷлосия хотима ёфт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:901
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2582
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6514
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18017
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:70793
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7803183

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?