Матни равон

Имрӯз, 26.12.2022 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати қабул гардидани қатънома доир ба эъон гардидани соли 2025 "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳр бо иштироки кормандони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷамоати шаҳракҳо, коллеҷи тиббӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар соҳаҳо роҳпаймоӣ ва ҳамоиши идона баргузор карда шуд.
Роҳпаймочиён аз назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бо шиору овезаҳои марбут ба иқдомҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парчамҳои давлатӣ то назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр роҳ паймуданд.

26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар намуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

Баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе, барои рушду тавсеаи бештари ҳамкории байнидавлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо муҳим арзёбӣ карда шуд.

Таъмини рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат таъкид гардида, ҷонибҳо доир ба масъалаи ҷалби сармояи Арабистони Саудӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.

Қонунҳо «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи савдои электронӣ», «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ва Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ҷиҳати тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҷаҳду талошҳо дар роҳи фардои озоду ободи кишвар равона шудааст.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳр имрӯз 24.12.2022 дар маркази шаҳр Ярмарка-фурӯши маҳсулоти агросаноатӣ баргузор карда шуд.

Дар ярмарка маҳсулотҳои гуногуни ниёзи аввалия бо нархи арзон нисбат ба бозор ба фурӯш гузошта шуд. Дар ярмарка корхонаҳои саноатии шаҳр маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас пешниҳод намуданд.

Маҳсулоти ниёзи аввал то 10-15 фоиз арзонтар нисбат ба нархи бозор пешниҳоди сокинон карда шуд.

Аҳолии шаҳр ин иқдоми наҷибро дар оғози фасли сармо барои захираи маводи ғизоӣ хуб пазируфта миннатдории худро ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр иброз намуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:806
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2748
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3554
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22027
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:102840
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9662522

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?