Мушаррафаи Мирасрор - хонандаи синфи 9-уми МТМУ № 14-и шаҳри Гулистон дар озмуни вилоятии “Китобхони беҳтарин” аз рӯи категорияи синнусолии аз 14 то 18 сола бо гирифтани ҷойи аввал беҳтарин китобхони вилояти Суғд дониста шудааст.
Дар ин бора Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар саҳифаи фейсбукии худ хабар додааст. Бино ба иттилои ин марказ дар даври вилоятии озмун зиёда аз 40 нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявии озмун аз рӯи 3 бахш: навиштани номи асарҳои хондашуда, муаллиф ва қаҳрамонони он, маънидодкунии ифоданокии шеър ё порчаи насрӣ ва шарҳи луғат аз рӯи ду категорияи синнусолӣ (аз 7 сола то 13 сола ва аз 14 то 18 сола) ширкат варзиданд.







Санаи 03.01.2023 дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти кории Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар соли 2022 бо иштироки директори муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ" Муяссара Давлатзода муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон" дар радаи даҳгонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти иловагии вилоят қарор гирифта, сазовори мақоми аввал гашт.
Санаи 07.01.2023 дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни "Мураббии соли Тоҷикистон" ҷамъбаст гардид.
Санаи 07.01.2023 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои солонаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр баргузор карда шуд.














