
28 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ҳайати шахсии Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба муносибати иди касбӣ шодбош гуфта, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои муҳиму пурмасъули ҳифзу таҳкими асосҳои сохти конститутсионӣ, тамомияти арзӣ, сулҳу субот ва амнияту оромии давлат ва миллати тоҷик барору комёбиҳо таманно намуданд.
Таъкид карда шуд, ки оғози фаъолияти мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон ҳамчун сохтори таъйиноти махсуси татбиқкунандаи сиёсати давлат дар соҳаи амнияти миллӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ ба давраи ниҳоят ҳассосу душвори солҳои 90-уми асри гузашта рост омад ва фаъолияти мақомоти амнияти миллӣ дар баробари дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар шароити бениҳоят вазнину печидаи ҷамъиятиву сиёсӣ ва мушкилоти молиявию иқтисодӣ барқарор гардида, таҳким бахшида шудааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Гулистон: Ҳамоиши идона ва роҳпаймоӣ ба муносибати қабул гардидани қатънома доир ба эъон гардидани соли 2025 "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид
- Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд






Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 28 декабр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ ҷашн гирифта мешавад.
Ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони меҳнат ва шахсони дорои имконияташон маҳдудро аёдат намуд.
Имрӯз, 26.12.2022 дар тарабхонаи “Манижа” ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023 барои 150 нафар кӯдакони ятими кул, нимятим ва дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ дастархони идона ороста шуд.














