Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар остонаи таҷлили Соли нави мелодии 2023 ба кормандони корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр кумаки якдафъина иборат аз маводи маводи ғизоӣ тақдим карда шуд.
Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода кормандони корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳрро бо фарорасии Соли нави мелодӣ муборакбод намуда, ба покизакорон, ки дар тозаву озода нигоҳ доштан ва сарсабз намудани шаҳр саҳми арзанда доранд изҳори сипос намуд.
Ба масъулини корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-и шаҳр ҷиҳати минбаъд низ тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр таъкид карда шуд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд
- Табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуданд






Имрӯз, 29.12.2022 Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо дастгирии шахсони саховатманд ба муносибати Соли нави мелодии 2023 якқатор барқароркунадагони сохти конститутсионӣ Маҳмадсаид Каримов, Дилшод Бояков, Қудратулло Убайдов, Сайвалӣ Валиев, Баҳрулло Убайдов аёдат карда шуданд.
Имрӯз, 28.12.2022 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар минтақаи саноатии шаҳр аз рафти корҳои сохтмонии корхонаи мурғпарварии “Мурғи аълосифат”-и ҶДММ “Ганҷи Сомон” ва корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ “Тилгат” боздид намуд.
Имрӯз, 28.12.2022 тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо ҳамроҳии сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Лутфулло Иззатов ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ афсари Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошев Шерафканро ки дар муноқишаҳои охири марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара ҷароҳат бардошта буд аёдат намуданд.
Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шудаистодааст.














