Имрўз, 30.12.2022 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода собиқадорони меҳнат аз ҷумла собиқадорони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр ва шахсони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ доштаро аёдат намуд.
Зимни суҳбат зикр карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирву ғамхорӣ намудан нисбати собиқадорони меҳнат ва шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тадбирҳои муассирро дар ин самт амалӣ намуда истодааст.
Аёдатшудагон барои таваҷҷуҳу ҳолпурсӣ ва иқдоми нек ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуда, барои пешрафту шукуфоӣ ва амну осоиштагӣ дуои нек намуданд.






Имрўз, 30.12.2022 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ, ки дар пешрафту тараққии соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр саҳм гузоштаанд, аз ҷумла Санавбар Нуриллоева муовини Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр ва Каромат Қосимова раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳрро аёдат намуда бо фарорасии Соли нави мелодии 2023 муборакбод намуд.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода заҳматкаши ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сафия Атоеваро аёдат намуда, ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ ва 95-солагии ҷашни мавлудаш муборакбод намуд.
Имрӯз, 29.12.2022 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода сарбозону афсарони қисми ҳарбии 07746 воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистонро аёдат намуд.














