Наврӯз рӯзи хилқати Инсон аст,
Рӯзи кушудани дари кайҳон аст.
Рӯзи шукуфтани гули Хуршед аст,
Рӯзи таваллуди маҳи Обон аст.
Ҷиҳати ширкат дар тантанаҳои наврӯзии Зарнисор бомдоди барвақти баҳорӣ аз Гулистон озими Зарнисор-шаҳраки кӯҳшикофону ғанҷоварон шудем. Баъд аз рӯзҳои боронӣ хуршеди оламафрӯз нурҳои хешро арзонӣ дошта, гармӣ мебахшид, табиат, талу теппаҳои бо ҷомаи ба бар кардаи махмалини сабзпӯшашу гулҳои шукуфтаи қоқуву сияҳгӯш ва ғарқи гулгаштаи ниҳолони олуча он қадар зебо метофт, ки дилҳоро тасхир мебахшиду изҳори шукргузорӣ аз ин соҳибватанӣ мекардем.
Чун ба марзи шаҳраки Зарнисор расидем боз манзараи дигари дилфиреб: анбӯҳи арчазорони кӯҳҳо, барфи нуқрагин як сӯ ва ниҳолакони саршори гул дар пойгаҳ моро истиқбол мегирифтанд.






Ба муносибати ин рӯзи саид ва ҷашни барои ҳар яки мо бузургу муқаддас, ки чанд сол боз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, тамоми мардуми саодатманди шаҳрро сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хуррамиву хушҳолии наврӯзӣ, файзу нусрати баҳорӣ ва тандурустиву баракати рӯзгор орзу менамоям.
















