Дар давоми ҳашт моҳи соли равон саноатчиёни қайроққумӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ба ифтихори 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда пешкаш намуданд.
Ба иттилои мудири бахши саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум Фазлиддин Орифов корхонаҳои саноатии шаҳри Қайроққум дар давоми ҳашт моҳи соли 2015 фаъолияти бонизом бурда, дар ин давра ба маблағи 717 млн. 127,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 111,5 фоизро ташкил дод, ё ки ин нишондиҳанда ба маблағи 74,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.