Бахшида ба бистумин солгарди баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва эълон гаридани соли 2017-Соли ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент бо саварони корхонаҳо, роҳбарони ташкилот ва идораву бахшҳо сурат гирифт.
Ҷаласаро Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ифтитоҳ намуда, доир ба аҳамияти таърихии сулҳи тоҷикон ва таъсири мусбии он ба ташаккули самтҳои мухталифи хоҷагии халқ сухаронӣ намуд. Аз ҷумла, тазаккур дод, ки пас аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ кишвари рӯ ба тараққӣ ниҳода, дар ҳамаи самтҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Корхонаҳои саноатии шаҳр дар панҷ моҳи аввали соли равон як миллиарду 308 миллиону 922, 8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки далели гуфтаҳои болоӣ мебошад.