Матни равон

Сабабҳои пуштибонии Эдвард Лимон аз ифротгароҳои тоҷик

Солҳо инҷониб дар бораи стандарти дугонаи кишварҳои абарқудрат ва созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ маводу матлабҳои фаровоне дар матбуоти даврӣ  ва сомонаҳои интернетии минтақавию ҷаҳон ба нашр мерасанд. Тавре таҳлили фаъолияти баъзе аз ин созмону ташкилотҳо нишон медиҳад, барои эшон ягон стандарти ягона доир ба шинохту эътирофи терроризму экстремизм вуҷуд надошту надорад. Созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ ва шахсиятҳои алоҳида вобаста ба манфиатҳои доштаашон ба ин ё он кишвар сиёсати худро муайян месозанд, ки мутлақо нодуруст мебошад.

Маҳз натиҷаи чунин фаъолияти нодурусти онҳо буд, ки Башор Асад, президенти феълии Сурия хеле хуб ва возеҳ шарҳ дод: «Ғарб нисбат ба терроризм нигоҳи дурӯя дорад. Кишварҳои Авурупову Амрико террорист нафаронеро медонанд, ки нисбати кишварашон ягон амали террористӣ анҷом медиҳанд. Агар ин амал ба кишварҳои мо сурат гирад, пас ин нафарон барои онҳо «инқилобгарон», «демократҳо» ва «озодии шаҳрвандон» маҳсуб мешавад.

Махсусан, Эдвард Лемон, ки худро профессори Донишгоҳи Колумбия меҳисобад, дар сафҳаи сомонаи иҷтимоии худ аз тундгароӣ истиқбол карда, кирдорҳои ғайриқонунии мухолифони тоҷик алайҳи давлату миллати тоҷикро ҷолиб шуморида, аз тоҷикистониён ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват мекунад ба кампини наҷоти зиндониёни сиёсӣ идома диҳанд. Аз иқдоми боздошти раҳбарият ва пайравони ошӯбгарои ТТЭ ҲНИ нигаронӣ карда, иддао мекунад, ки акнун замони талаби озодӣ ба зиндониёни сиёсӣ фаро расидааст.

Бояд иқрор шуд, ки дар вақтҳои охир вобаста ба  бораи кор гирифтани созмонҳои бонуфӯзи байналмиллалӣ ва шахсиятҳои алорҳида аз стандарти дугона сару садоҳо бисёр ба гӯш мерасанд. Маълум аст, ки чунин баёнияву иброзхи ақида аз ҷониби ин шахсияту гурӯҳҳо ҳадафнок буда, бо мақсади рушд накардани кишварҳое монанди Тоҷикистон мебошад. Зеро ҳадафи  асосии онҳо аз интиқод аз кишвари Тоҷикистон, ин пеш аз ҳама дар фақру камбағалӣ нигоҳ доштани аҳолии мо мебошад. Мақоли машҳури тафриқа андозу ҳукмронӣ намо шиорӣ асосии онҳо гардидааст. Тавре медонем, аз ҷониби ҳукумати кишвар гомҳои устуворе барои боз ҳам беҳ шудани сатҳи зиндагии мардум бардошта истодааст, ки ин албата барои баъзеҳо хушоянд набуду нест ва мояи нигаронии амиқи онҳо қарор гирифтааст.

Вале, новобаста аз оне, ки ин ташкилоту инсонҳо новоқиф аз вазъияти дохилии кишвар чӣ мехоҳанду чӣ мегӯянд, бояд худи мо огоҳ бошем, ва донем, ки дар ягон сурат ба нафъи мо нахоҳад буд. Зеро агар аз чунин сару садо манфиате дида мешуд, кишварҳои арабӣ медиданд. Агар кирдорҳое, ки террористони наҳзатӣ дар Тоҷикистон анҷом додаанд, дар ватани Эдвард Лимон ба амал меомад, ҳатман фикру назарҳои дигареро ироа ӯ ироа медошт. Чуноне, ки дар урфият гуфтаанд, серро чӣ парвои гурусна. Аз ин ҷиҳат суханони чунин ашхосро набояд ҷиддӣ ва самимӣ қабул кард.

Асад Аҳлиддинов

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:534
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2819
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7301
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17416
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:16217
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7748607

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?