Матни равон

Дар шаҳри Ню — Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ахим Штайнер мулоқот намуданд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо мулоқоти самимӣ ва созанда анҷом доданд.

Таъкид гардид, ки имсол аз барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Канада 25 сол сипарӣ мешавад ва дар ин давра ҳамкориҳои байнидавлатӣ, ки дар асоси усулҳои ҳусни эҳтиром, эътимод ба ҳамдигар ва эътирофи мутақобилаи манфиатҳо оғоз ёфтаанд, дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ рушду такомул пайдо кардаанд.

Дар шаҳри Ню-Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуда, яке аз аввалинҳо шуда суханронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ изҳор намуданд, ки раванди босуръати ҷаҳонишавӣ дар зарфи даҳсолаҳои гузашта, ҳарчанд ки аз як тараф, ба тавсеаи робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ миёни кишварҳо ва ҳамгироӣ байни минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мусоидат намуд, вале, аз ҷониби дигар, барои сокинони сайёра мушкилоти зиёдеро ба бор овард.

Дар шаҳри Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ иштирок намуданд.

Дар ин чорабинии бузурги варзишӣ мувофиқи маълумоти пешакӣ наздик ба 6000 нафар варзишгар аз 62 давлати Осиё ва Уқёнус иштирок менамоянд.

Дар Боғи “24-солагии Истиқлолият”  Рӯзи шаҳр бо иштироки намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву ташкитлот, идораву муассисаҳо, сокинон, меҳмонони сершумор ботантана таҷлил карда шуд. Дар шафати Боғ намоиши шавқангези дорбозони истаравшанӣ  ба гулистониён манзур гардида, дастпарварони мактабҳои мусиқӣ ва рассомии бахши фарҳанг бошад ҳунару маҳорати хешро дар навозиши асбобҳои мусиқӣ ва расмкашӣ ба иштирокдорони чорабинии идона дар гулгаштҳои боғ пешкаш намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода зимни табрикоти гулистониён ба муносибати рӯзи шаҳр зикр намуд, ки пас аз таҷлили бошукӯҳи Иди бузурги миллиамон - Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ таҷлили рӯзи шаҳрамон, ки дар даврони соҳибистиқлолият ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид, идомаи мантиқии шукӯҳу ҷалол ва шаҳомати Истиқлолият мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ теъдоди корхонаҳои саноатии шаҳр аз 13 адад ба 30-то расида, номгӯи маҳсулотҳои истеҳсолӣ аз 13 номгӯй ба 82 номгӯй баробар шудааст. Агар 26 сол муқаддам корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми сол ба маблағи қариб 9 миллион сомонӣ маҳсулотҳои саноатӣ ва ниёзи мардум истеҳсол намуда бошанд, пас алъон ин нишондиҳанда дар охири соли 2016-ум ба 2,1 миллиард сомонӣ расида, дар муқоиса 238 маротиба зиёд шудааст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:47
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3362
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3409
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22100
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:35687
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8935749

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?