Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Раиси шаҳри Гулистон муҳтарама Сатториён Матлубахон Амонзода аз корхонаҳои саноатии ҳудуди шаҳраки Сирдарё боздид ба амал оварда, бо роҳбарони корхонаҳои ҶДММ «Сахо и К», ҶДММ «Хубон» ва ҶДММ «Чархи гандумӣ» дидору гуфтугў намуд. Дар раванди гуфтугў маълум гардид, ки баъзе сехҳои корхонаи ҶДММ «Сахо и К» бо сабаби гарон будани маблағи андоз фаъолият наменамоянд.
Чунонки роҳбари корхонаи мазкур тазаккур дод, сехи уребачабарорӣ (памперс) сад дарсад барои кор омода буда, бо дарназардошти он ки ба фурўш баровардани маҳсулоти истеҳсол шуда мушкилотӣ андозиро пеш меорад, онро ба кор намеандозем.






Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Меҳри модар» чорабиниҳои идона ба ифтихори ҷашни миллии Сада баргузор гардид.
Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” рўнамои маҷмўаи шеърҳои шоира Рабоат Худойдодова баргузор гардид.
Зимни баррасӣ қарор додани фаъолияти аъзои ҲХДТ дар соли 2017 раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Муслимахон Ҷамолиён оид ба дастовардҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, густариши корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ, афзоиши сафи ҳизб, теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ ва дигар корҳои ба анҷом расонидашуда маърўза намуд.
1 феврали соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо сафари расмӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд.













