Санаи 22.08.2024 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар асоси банди 14-и Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2024, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст бо фаъолон ва сокинони шаҳри Гулистон дар мавзуи “Худшиносӣ – омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ” мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, муовини якуми Раиси Шурои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мавҷуда Бобоева, ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Усмонзода Аюб Ислом ва ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан иштирок ва суханронӣ намуданд.