16 Июл 2025
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар беморхонаи марказии шаҳр бо иштироки бонувон вохӯрӣ доир карда шуд. Дар вохӯрии мазкур Матлуба Сатторова мудири бахши занони МИҲД-и шаҳр, Мадина Каримова сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Пӯлодиён Гулсанам муовини сардухтур ва Ганҷина Ғаниева сарҳамшираи беморхонаи марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки зан — на танҳо як шахсият, балки инъикоси зебоии маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа аст. Ӯ мисли оинаест, ки симои ҷомеаро нишон медиҳад: агар зан босавод, озод ва бахтёр бошад — ҷомеа низ ободу солим аст. Зан — рӯйи ҷомеа аст, зеро дар ҷеҳраи ӯ муҳаббат, меҳнат, сабр ва хирад инъикос меёбанд. Ҳар яқ ҷомеаи пешрафта пеш аз ҳама ба рушди зан аҳамият медиҳад. Зеро зан модар аст, тарбиятгар аст, меъмори фардои миллат аст. Имрӯзҳо занон дар соҳаҳои гуногун — илм, тиб, фарҳанг, сиёсат, соҳибкорӣ ва дигар бахшҳо фаъоланд. Онҳо собит карданд, ки метавонанд на танҳо такягоҳи хонавода, балки такягоҳи давлат бошанд.
Кормандони соҳаи тиб, ки бевосита бо сокинон, махсусан бо беморон, ки умеди шифо доранд сарукор мегиранд бо маҳорати баланди касбӣ ва муоширати хуб метавонанд ба ҷомеа солимӣ бахшанд.