Дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо дастгирии соҳибкорони бурунмарзиву ватанӣ, шахсони саховатпеша ва сокинони шаҳрак роҳи Адрасмон-Хуҷанд, ки тули 60 сол аст таъмиру таҷдид нагардидааст мумфарш гардида истодааст. Соли 2023 ин кори нек оғоз гардида, наздик ба 20 км роҳ пурра мумфарш гардида буд.
Сокинон ин иқдоми некро бо истифода аз рӯзҳои мусоиди тобистону тирамоҳ дар соли ҷорӣ низ идома дода, ба иттилои раиси ҷамоати шаҳрак Баротзода Сарҳад 5 км дигари роҳро мумфарш намудаанд.
Масъулин ният доранд, ки марҳила ба марҳила роҳи мазкурро пурра мумфарш намоянд. Мумфарш гардидани роҳ мушкили рафтуомади сокинонро осонтар мекунад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти ҶДММ «Доруи Суғд» оғоз бахшиданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон «Корхонаи металлургии тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва луларо ифтитоҳ намуданд