Матни равон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли як қатор собиқадорони соҳаи маориф, ки умри бобаракати худро сарфи таълиму тарбия намуданд, хабар гирифт.

Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон ба дидорбинии Дилбар Рустамова ва Муборак Ҳамробоева рафта, бо собиқадорони соҳаи маориф суҳбати самимӣ анҷом дод. Қайд гардид, ки имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, ҳамасола садҳо иншооти соҳа бунёду ба истифода дода мешавад. Ҳамзамон, маоши кормандони соҳаи маориф низ марҳила ба марҳила зиёд шуда истодааст ва аҳли маориф барои тарбияи насли наврас саҳми шоиста мегузоранд. Давлату Ҳукумат хизматҳои собиқадоронро ҳамеша қард мекунад. Зеро онҳо дар пешбурди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия саҳми муносиб гузоштаанд.

Дар ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи ба номи Имомалиеви маркази шаҳрак 550 м мураббаъ роҳ бо дастгирии мақомоти ивроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мумфарш карда шуд.

Дар шаҳри Гулистон дар соли 2024  таъмири  53,4 километр роҳҳои автомобилгарди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла 7,5 км таъмири асосӣ, 21,4 километр таъмири ҷорӣ ва 25,5 километр шағалпўш мебошад. Барои иҷрои корҳо аз манбаъҳои гуногун  9,0 миллион сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст.

Дар давоми шашмоҳаи соли 2024, 43,3 километри роҳҳо таъмиру тармим гардиданд, ки 80,5 фоизи иҷрои нақша мебошад. Аз ҷумла: 8,2 километр таъмири асосӣ, 21,2 километр таъмири ҷорӣ ва 13,9 километр  шағалпўш карда шуда, маблағи сарфшуда 6,5 миллион сомониро ташкил дод.

Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон пас аз ба истифодадиҳии майдончаи варзишӣ Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов 3 нафар собиқадорони меҳнат

Мамиров Пардабой, Сулаймонов Имомалӣ ва Фозилов Қулматро аёдат намуданд. Собиқадорон солҳои зиёд дар Комбинати маъдантозакунии Адрасмон фаъолияти пурсамари меҳнатӣ намудаанд.

Собиқадорон бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фазои сулҳу суботи кишвар баҳри боз ҳам гул-гулгукуфоии кишвари азизамон дасти дуо бардоштанд.

Ба собиқадорон кумакҳои молӣ ва моддии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

Рӯзи 24-уми августи соли 2024 аз тарафи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода  5-нафар шаҳрванд қабул карда шуд.

Мӯҳтавои муроҷиат масъалаҳои гуногунро дарбар гирифта,  расонидани кумаки моддии яквақта, кумаки молявӣ барои пардохти шартномаи таҳсили донишҷӯй ва таъмир  хатти партовоб.

Масъалаи баррасии талабу дархости муроҷиаткунандагон  ба шуъбаву бахшҳои дахлдор равона карда шуд. Раиси шаҳр масъулинро вазифадор  намуд,  ки иҷроиши саривақтии масъалаи  мазкурро дар муддати кӯтоҳ  муайян ва  иҷро намуда,   аз натиҷааш ба унвони Раиси шаҳр ва муроҷиаткунандагон тариқи хаттӣ хабар дода шавад.

Сипас Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода тамоми муовинон, роҳбарон, мудирони шуъбаву бахшҳо, директорон ва дигар ташкилоту корхонаҳоро таъкид намуд, ки баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 33 солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҳудуди шаҳр,  ҷамоатҳо, гирду атрофи корхонаю муасисаҳо, деҳаю маҳаллаҳо корҳои ободониву созандагӣ гузаронида, тозаву озода намуда,  ҳамаҷониба омода намоянд.

Имрӯз, 23.08.2024 дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бахшида ба истиқболи сазовори Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии кишвар майдончаи варзишии футбол, ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, ки бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ тибқи нақшаи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими ба истифодадиҳии иншооти мазкур Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ таъкид карда шуд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш дар кишвар таваҷҷуҳи хоса равона гардидааст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2895
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3857
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16177
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12824
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:29001
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8929063

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?