Матни равон

Тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисто ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими  ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳо санаи 18  сентябри соли 2024 дар МТМУ №1  шаҳри Гулистон бо ҷалби ҷавонон хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар мулоқот  мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, мутахассиси татбиқи забон дар МИҲД шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, нозири калони кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Содиқзода Рухшона, сармутпхассиси шуъбаи маориф Ҳайдаров Алишер ва мудири шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи маркозии шаҳр Бобокалонов Фирдавс  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Имрӯз, 18 сентябри соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум доир гардид.

Кори Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома оғоз гардид.

Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, муовини якуми Раиси шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.

Санаи 14.09.2024 дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо иштироки ҷавонон ва сокинони касбу кори гуногун бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони "Миллати ҷисман солим рӯҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад" доир гардид.

Ин тадбир дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба амалигардонии “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2022-2026” ба роҳ монда шуд.

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Аз соли 2016 инҷониб ҳамасола рӯзи 15-уми сентябр - Рӯзи шаҳри Гулистон ҷашн гирифта мешавад.

Пас аз таҷлили бошукӯҳи иди бузурги миллӣ ва давлатиамон - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили рӯзи шаҳрамон, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст, идомаи мантиқии шукӯҳу ҷалол ва шаҳомати Истиқлоли давлатӣ мебошад.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахши фасли тирамоҳи заррин, ки дар партави сиёсати ояндасозу хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифи кишвар қадамҳои устувори хешро дар эъмори давлати соҳибихтиёру соҳибмақом дар арсаи ҷаҳон мегузорад, мардуми шарифи шаҳри Гулистон бо рӯҳияи баланди ватандорӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ ба корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ камари ҳиммат маҳкам бастаанд.

Тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба ташкил ва баргузор намудани ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия санаи 14.09.2024 дар шаҳри Гулистон  ярмарка баргузор гардид.

Дар ярмарка корхонаҳои истеҳсолии шаҳр ва корхонаҳои истеҳсолии дигар шаҳру нохияҳо  ва хоҷагиҳои деҳқонӣ маҳсулоти худро пешниҳод намуданд.

Сокинон дар ярмарка маҳсулоти ниёзи аввалияи худро бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2896
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3857
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16178
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12824
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:29002
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8929064

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?