Дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон ширкат карданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тобонидани чумак ба фаъолияти Шабакаи обрасонӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Хабар дода шуд, ки тарҳи мазкур бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон-1” амалӣ гардид. Барои тадбиқи ин ҳадафҳо қариб 23 миллион сомонӣ сарф гардида, зиёда аз 15 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Гулистон, ки аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд, дастрасӣ пайдо карданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ МАЗОРИЕВ ХУРСАНД МИРЗОҲАЁТОВИЧ, САРКАРДАИ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТИИ ШАҲРИ ХОРУҒ
- МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ АЛОВАТШОЕВ АМРИДДИН БОЗОРОВИЧ, САРКАРДАИ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТИИ НОХИЯИ РОШТКАЛЪА
- МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ АЁМБЕКОВ ТОЛИБ АБДУРАҲМОНОВИЧ, САРКАРДАИ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТИИ ШАҲРИ ХОРУҒ