Матни равон

12 феврали соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ ба шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон сохтмони як зумра иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дошта, дар назар аст, ки то соли 2021 дар шаҳр 150 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор дода шавад.

Зимни боздиди корӣ аз шаҳри Бӯстон Раиси вилоят рафти корҳои сохтмониро дар як қатор иншоот, аз ҷумла кӯдакистони замонавӣ ва маҷмааи хизматрасонӣ, ки аз тарабхона, маркази савдо, кошонаи ҳусн, меҳмонхона ва дорухона иборат аст, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод ва ҷиҳати тезонидани суръати корҳо, ба ободониву кабудизоркунӣ фаро гирифтани муҳити зист ба роҳбарияти шаҳр дастуру супоришҳо дод.

Дар идомаи сафар Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз корхонаи “Суғдпак”-и шаҳри Бӯстон боздид кард. Чуноне иттилоъ дода шуд, айни замон дар корхонаи мазкур васлу насби хатти нави технологӣ идома дошта, роҳбарияти корхона ба маблағи беш аз 2 миллион доллари ИМА технологияи нав ворид намудааст. Бо мавриди истифода қарор додани хатти нави технологӣ номгӯйи маҳсулоти полиэтилении истеҳсолшаванда дар корхона боз ҳам бештар карда мешавад.

Раиси вилоят иқдоми соҳибкоронро ҷиҳати воридсозии таҷҳизоти муосир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзун намудани номгӯй ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот хуш истиқбол карда, барои ба анҷом расонидани корҳо тавсияҳои худро ироа дошт.

Сипас, Раиси вилоят ба шаҳри Гулистон ташриф оварда, бо рафти бунёди корхонаи металлургии ҶДММ “Маҳмуд – КО” шинос шуд.  Корхонаи металлургии ҶДММ “Маҳмуд - КО”дар минтақаи саноатии шаҳр аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуда истодааст. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “Суғдшаҳрофар” омода гардида, пудратчӣ ҶДММ “Абдушукур” мебошад. Корхона дар масоҳати беш аз 2 гектар сохта шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он зиёда аз 100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Раиси вилоят дар шаҳри Гулистон ҳамчунин дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок карда, ҷараёни корҳои сохтмонии майдони Парчами давлатӣ ва муассисаи томактабии “Дилноз”-ро мушоҳида намуд ва барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда ба истифода супоридани иншоотҳо ба сохтмончиён маслиҳатҳо дод.

Бо мабалағгузориҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят имрӯзҳо дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди Қасри фарҳанг, майдони Парчами давлатӣ ва бинои муолиҷавии Беморхонаи ноҳиявии рақами 3 бомаром ҷараён дорад.  Раиси вилоят ҳангоми боздиди корӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикршуда шинос гардид.

Тавре ҳангоми шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмонии Қасри фарҳанги ҷамоат иттилоъ дода шуд, иншооти фарҳангӣ тибқи лоиҳа дорои 400 ҷойи нишаст буда, дар он ташили 20 утоқи кориву ёрирасон ба назар гирифта шудааст. Фармоишгари иншооти мазкур Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчӣ ҶДММ “РС Барқарор” мебошад.

Майдони Парчами даватии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад дар шафати Қасри фарҳанги ҷамоат ҷойгир буда, он дар масоҳати як гектар сохта мешавад. Тибқи лоиҳа майдон дорои гулгашту нишастгоҳҳо ва фаввораҳо аст, ки ба ҳусни ҷамоат шукуҳи хоса зам менамояд.

Беморхонаи ноҳиявии рақами 3 мувофиқи нақша аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар таҳхонаи он таҳлилгоҳ, утоқҳои рентгенӣ ва физиотерапевтӣ ҷойгир карда хоҳад шуд. Дар ошёнаи якум маъмурият, қабулгоҳ ва ташхисгоҳ, дар ошёнаҳои болоӣ бошад шӯъбаҳои беморхона ҷойгир карда мешавад. Фармоишгари ин иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчии он ҶДММ “Еврострой” мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:479
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2870
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3349
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24596
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:64051
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7603896

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?