Матни равон

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода машварати кории моҳи феврали назди Раиси шаҳр баргузор гардид.

Дар маҷлиси машваратии назди Раиси шаҳр муовини Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раёсати молия, нозироти андоз, роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, имомхатибон, намояндагони дигари соҳаҳои хоҷагии халқ ширкат варзиданд.

Дар оғоз сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Гулистон Хаёл Ҳакимов оид ба пешгирии экстремизму терроризм ва шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳушёрии сиёсӣ суханронӣ намуд.

Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода доир ба омодагӣ ва тайёрӣ ба таҷлили Наврӯзи байналмилал баромад намуда,  масъулинро мушаххасан бо нақшаи чорабиниҳои Наврӯз-2019 шинос намуд.

Доир ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода сухан ронда,  доир ба натиҷаҳои он аз масъулин пурсиш ба амал овард. Аз ҷумла доир ба иҷрои сифатноки намудҳои андоз, вазъи нишондиҳандаҳои саноатӣ,  сармоягузорӣ, пардохти маблағи истифодаи барқ, фаъолияти бахшҳои ҷавонон ва варзиш, суғурта, маркази бехатарии озуқаворӣ, бахши ҳифзи муҳити зист,  фаъолияти ҷамоати шаҳракҳо, раисони маҳаллаҳо, кумитаи заминсозӣ, бахши меъморӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои коммуналӣ, омодагии ҳамаҷониба ба баргузории ҷашну маросими дар пешистода, даъвати баҳорона,  ташкили гармхона вазифагузориҳои мушаххас гузошта шуд. Дар фарҷом Раиси шаҳр таъкид намуд, ки ҳар як масъулинро зарур аст, ки барои густариш додани фаъолияти ҳамарӯза, рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати иҷрои вазифаҳо бо ҳисси масъулиятшиносӣ саъю кӯшиши дучанд ба харҷ диҳанд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:450
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2870
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3320
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24596
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:64022
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7603867

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?