Зимни сафари корӣ ба шаҳраки Адрасмон иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода гурӯҳи калони собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони интернатсионалист - Абдулҳаким Қосимов, Машариф Расулов, Азизҷон Ҳоҷиматов, Раҳимбибӣ Пардаева, Фозил Улмасов, Улмас Комилов, Таманно Раҳматова, Фахриддин Анорбоевро аёдат карда, бо онҳо мулоқоти самимӣ намуд.
Аёдатшудагон шукри даврони истиқлолият намуда, ба Пешвои миллат нисбати ғамхории рӯзафзунашон доир ба беҳдошти шароити зисту зиндагонии собиқадорон изҳори самимии миннатдорӣ карданд.






Дар толори ҷамоати шаҳраки Адрасмон мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо аҳли ҷамоатчигии шаҳраки кӯҳканон доир гардид.
20 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи намояндагони ВАО-и давлатӣ мулоқот карданд.
















