Сокинони шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” дар шафати роҳи асосии кӯчаи Истиқлоли маркази шаҳр бо гузоштани хаймаҳои наврӯзии ҷамоати шаҳраҳо, корхонаву муассиса ва идораҳо Наврӯзи байналмилалиро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд.
Ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон ва Зарнисор бо дастаҳои ҳунарӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ оину русуми наврӯзии марбут ба маҳалли зисти худ намоиш дода, сокинон ва меҳмононро бо он ошно намуданд. Ҷомеаҳои меҳнатии ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, Шабакаҳои барқи Суғд, ҶДММ “Осоишгоҳи Баҳористон”, КВД “Осоишгоҳи Шифо” дасторхонҳои ҳафтсину ҳафтшини пурғановатро манзури ҳамагон намуда, намояндагони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ намунаи анъанаҳои қадимии наврӯзиро хеле ҷаззоб ва ҷолиб ба маърази тамошо гузоштанд. Меҳмонон аз завқи наврӯзӣ ва рӯҳияи болидагии мардуми гулистонӣ ба ваҷд омада, ба маҳорат ва малакаи дасторхонороӣ ва пазироии онҳо аҳсант хонданд.






Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муқаддам Ҳошимзода ба ифтихори иди байналмилалии Наврӯзи Аҷам гурӯҳи собиқадорони меҳнатро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аёдат намуданд. Аз ҷумла собиқадорон Муҳсин Раҳимов, Қаҳрамони меҳнат, шаҳрванди фахрии Гулистон, заҳматкаши ақибгоҳ Саломат Болтаева, собиқадорони аҳамияти вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дошта Қурбоной Раҷабова, Гулбибӣ Сафарова, Абдуҳафиз Латифов ва Ғайбулло Зайниддинов аёдат карда шуда, ба онҳо туҳфаҳои Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Гулистон супорида шуданд.
Гулистониёни гиромиқадр!
Рӯзи 20 март дар арафаи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон Боғи фарҳангӣ-фароғатии навбунёд мавриди истифода қарор гирифт.
20 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон дар майдони марказии шаҳр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ аз руи муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ пардаро бардошта онро ифтитоҳ карданд.












