15 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст.
Пешвои миллат бо шарту шароити таълимӣ дар ин муассиса аз наздик шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбат намуданд.






Дар маркази шаҳри Гулистон бахшида ба иди байналмилалилии Наврӯз дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков суҳбати телефонӣ анҷом доданд.














