Нимаи дуюми рӯзи 22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” — и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни суханронии табрикотии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳамватанон, сокинони пойтахт ва меҳмононро бо иди бошукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрику таҳният гуфтанд.Таъкид гардид, ки имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони пойтахти кишвари азизамон — шаҳри Душанбе бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, ойини бостонии милливу мардумӣ ва соли нави аҷдодиамон — Наврӯзи оламафрӯзро бо хурсандиву хушҳолии зиёд таҷлил менамоянд.






Сокинони шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” дар шафати роҳи асосии кӯчаи Истиқлоли маркази шаҳр бо гузоштани хаймаҳои наврӯзии ҷамоати шаҳраҳо, корхонаву муассиса ва идораҳо Наврӯзи байналмилалиро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муқаддам Ҳошимзода ба ифтихори иди байналмилалии Наврӯзи Аҷам гурӯҳи собиқадорони меҳнатро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аёдат намуданд. Аз ҷумла собиқадорон Муҳсин Раҳимов, Қаҳрамони меҳнат, шаҳрванди фахрии Гулистон, заҳматкаши ақибгоҳ Саломат Болтаева, собиқадорони аҳамияти вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дошта Қурбоной Раҷабова, Гулбибӣ Сафарова, Абдуҳафиз Латифов ва Ғайбулло Зайниддинов аёдат карда шуда, ба онҳо туҳфаҳои Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Гулистон супорида шуданд.
Гулистониёни гиромиқадр!
Рӯзи 20 март дар арафаи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон Боғи фарҳангӣ-фароғатии навбунёд мавриди истифода қарор гирифт.















