Дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои кӯдакистони давлатии “Парасту” - ро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии кӯдакистони мазкур зиёда аз 1 гектарро дар бар гирифта, аз се бино иборат мебошад.
Ин иншоот тайи солиёни зиёд ба харобазор табдил ёфта буд ва он аз ҷониби ҶДММ “Авитсена” дар шаҳри Гулистон пурра таъмиру навсозӣ шудааст.
Дар кӯдакистон мизу курсӣ ва дигар аёниятҳои хониш таъмин мебошад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии Боғи миллии «Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва бунёди токзори нав
- Тақдими туҳфаҳо ба 100 нафар ятими кулл ва супоридани калиди хонаҳои истиқоматӣ ба 10 нафар эҳтиёҷмандону камбизоатон дар шаҳри Хуҷанд
- Ифтитоҳи бинои Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Хуҷанд






31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии “Ҷазираи Темурмалик” дидан намуданд.
Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави Қасри фарҳанг, Мактаби мусиқӣ, Маҳфили ҳунармандӣ барои ҷавонон ва бинои Деҳоти ба номи “Ҳайдар Усмонов”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дирӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Деҳоти ба номи “Ҳайдар Усмонов”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд беморхонаи ноҳиявии рақами 3-ро бо 120 кат мавриди истифода қарор доданд.














