7 ноябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо фаъолони шаҳр мулоқот намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Гулистонро мавриди таҳлил қарор дода, барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳо ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини сохторҳои вилоятӣ супоришҳо дод.
Чуноне зимни таҳлили вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр иттилоъ дода шуд, дар шаҳри Гулистон нақшаи буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) дар 9 моҳи соли 2019-ум 82 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 129 миллиону 64,0 ҳазор сомонии нақша, 105 миллиону 875,4 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки ин нисбат ба нақша 23 миллиону 188,6 ҳазор сомонӣ кам мебошад.






6 ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар Конфедератсияи Швейтсария мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор шуд.
6 ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Раёсати Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан мулоқот карданд.
5 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳрдори Берн Алек фон Граффенрид мулоқот карданд.














