Дар маҷлисгоҳи бахши муҳити зистии шаҳри Гулистон бо иштироки аъзои комиссияи ҳолатҳои фавқулода, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, воҳидҳои зерсохтор, намояндагони соҳаи молия, маориф, тандурустӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар шахсони масъул ҷаласаи комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрии Гулистон оид ба ҳолатҳои фавқулода тибқи нақшаи тасдиқгардида баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Нуринисо Комилзода бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ бахшид.






Имрӯз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
12 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи ЮНЕСКО, воқеъ дар шаҳри Париж дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим иштирок ва суханронӣ карданд.
Шоми 11 ноябри соли 2019 дар доираи иштирок дар чорабиниҳои ҳамоиши Париж оид ба сулҳ суҳбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон доир гардид.














