Матни равон

Санаи 17-уми феврал дар доираи боздиди кории худ ба шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахуст бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” шинос гардид.

Бояд зикр намуд, ки маҳсулоти корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» давоми 60 сол мешавад, ки бо сифат, зебоӣ, услуб, рангубор ва нақшу нигоре, ки инъикосгари анъанаҳои халқҳои Шарқ мебошад, дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ талабгорони зиёд дорад. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат маҳз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо технологияи пешрафтаи ҷаҳони муҷаҳҳаз гардонида шуд ва иқтидори истеҳсоли низ зиёд шуд.

Тавре ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, соли 2019 дар ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” 2 миллиону 737 ҳазор метри мураббаъ маҳсулот истеҳсол карда шуд.  Айни замон бошад, беш аз 500 афар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ, маоши хуб ва шароити мусоид фаъолият таъмин мебошанд. Масалан барои кормандон дар ошхонаи зебову барҳаво як вақт хӯроки гарм дода мешавад.

ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” бузургтарин корхонаи истеҳсоли дар шаҳри Гулистон мебошад, ки саҳми он дар рушди иқтисоди басо назаррас мебошад. Масъулини ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” дар баробари таъмини бозори дохилӣ ҳамзамон қолинҳои бо шаклу намои зебо ва сифати олиро ба хориҷи мамлакат низ содирот менамоянд. Соли ҷори онҳо тасмим гирифтанд, ки дар ҷараёни истеҳсолот бештар аз калобаҳои пашмин истифода намоянд, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як қолин то 40 дарсад рост меояд.

Бояд зикр намуд, ки маҳз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28-уми июни соли 2018 Сехи истеҳсоли ришта мавриди бахрабардори қарор гирифта буд.

Тамоми ашёи хоми барои истеҳсоли қолин зарурӣ ба корхонаи “Қолинҳои Қайроққум” то ин замон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Туркия, Эрон ва Бангладеш ворид карда мешуд. Баробари фаъол гардидани сехи мазкур истеҳсоли 60 фоизи ашёи хом дар худи ин корхона ба роҳ монда шуд, ки ин яке аз дастовардҳои арзанда дар ин соҳа дониста мешавад.

Дар ин сех асосан риштаҳои полипропилении пати қолин истеҳсол карда мешавад. Таҷҳизоти ин сех аз Белгия, Олмон ва Фаронса харидорӣ шудаанд.

Хатти нави технологӣ дар корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» аз қисматҳои истеҳсоли ришта, бофандагӣ ва пардоздиҳӣ иборат мебошад.

Раиси вилоят ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, таъкид кард, ки чиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, мухтарам Эмомали Рахмон ва расидан ба яке аз ҳадафхои олии Ҳукумати мамлакат-саноатикунонии босуръати кишвар заминаҳои мусоид фароҳам мебошад.  Татбиқи ин ҳадафи стратегӣ барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот, рушди иқтисоди миллӣ, ва таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти 
Раиси вилояти Суғд

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:501
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20482
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13264
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:50447
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7692367

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?