1 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт бинои нави Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшида шуд.
Бинои нави Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» мебошад. Барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба иҷро расиданд.
Ёдовар мешавем, ки Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ таърихи 85-сола дошта, ҳанӯз соли 1935 таъсис ёфтааст. Ин боргоҳи илму маърифат ва касбу ҳунар давоми солҳои тӯлонӣ дар биноҳои гуногун фаъолият кардааст. Бо дарназардошти ҷавобгӯ набудан ба талаботи замон соли 2014 сохтмони бинои нави коллеҷ оғоз шуд. Инак, муассисаи таълимӣ соҳиби бинои замонавӣ гардид, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад.






31 август таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
ФАРМОНИ















