22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик оғоз бахшиданд.
Корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фозил Бадиев бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд гардидааст, ки аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ яке аз калонтарин корхона дар шаҳри Ҳисор ба ҳисоб меравад.
Аз 2 гектар масоҳати умумии замини корхонаи навтаъсис дар 8 ҳазору 248 метри мураббаи он 4 хати муосири технологӣ — истеҳсоли шифери асбестӣ, профилҳои оҳанӣ, қубурҳои асбестӣ ва истеҳсолу коркарди нахи шиша сохта шудаанд, ки раванди истеҳсолот аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ идора карда мешавад. Дар Тоҷикистон ин дуюмин корхона мебошад, ки ба истеҳсоли шифер, қубурҳои асбестӣ ва профилҳои оҳанӣ машғул мебошад.