Матни равон

Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд корҳои дигар мекунанд.

Дар воқеъ дар ҳаёт гоҳе ба инсонҳое рӯ ба рӯ мегардӣ, ки барои онҳо ҳайсият, ҳувият, нанг, номус ва шарафу мардонагӣ бегона буда, дар вуљуди худ ҳамеша бегонапарастӣ, найрангу тақаллуб, разолату хиёнат, бенангию беномусӣ ва ҷаҳолату беҳайсиятиро мепарастанд. Ин гуна афрод ҳамеша бар он мекушанд, ки манфиатҳои шахсӣ ва ѓаразҳои шахсию сиёсии худ ва бегонагонро, аз манфиати давлату миллат боло гузоранд. Вақте, ки дурӯғ мегӯянд, туҳмату буҳтон мезананд лоақал шарм намедоранд. Пас аз тамошои филми мустанади “Бешрафӣ” ба хулосае омадам, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ном шахс фарзанди яке аз саркардагони ҷанги таҳмилии бародаркуш яъне Мулло Қаландар, ки дар солҳои љанги шаҳрвандӣ сабаби марги инсонҳои зиёди бегуноҳ шуд саргузаши нангинеро аз сар гузаронида будааст.

Бештари вақт ба он мутаваљљеҳ мешавем, ки Муҳаммадиқболи Садриддин дар сомонаҳои иљтимоии иѓвоангез ва дасисабози худ ақидаҳои радикализм, фашизм ва пантуркизмро тарѓибу ташвиқ намуда, дар шуури бархе аз љавононе, ки гирифтори доми разолату бадбинӣ гардида ва дорои мафкураи паст ҳастанд, ақидаҳои ифротиву ҳурофотиро љой карданӣ аст. Қазоват кунед нафаре, ки дар ягон љо расман фаъолият намекунад, пас он ҳама дороӣ ва сомонаву марказҳои дасисабозӣ аз куљост? Бе ягон чуну чаро посухи ин суол аён аст, ки аз пули ҳароме, ки барои миллатфурушӣ аз баъзе доираҳои манфиатљӯй ба даст меорад.

Бештари вақт ба он мутаваҷҷеҳ мегардем, ки хоинон махсусан Муҳаммадиқболи Садриддин бо истифода аз номи дини мубини Ислом бар он сабаб, ки 99% сокинони кишвар мусалмон ҳастанд аз эътиқоду боварии онҳо истифода карданӣ мешавад. Ҳамзамон дар аксари ҳолатҳо Муҳаммадиқболи Садриддин, ки худ таълимдидаи мактабҳои ифротгароӣ ҳаст бо фарҳанг ва эҳсоси мардум бозӣ карда, бо ҳар роҳу восита баҳри пиёда сохтани амалҳои нопоки худ мекӯшад. Ба ақидаи ӯ гӯё ҳуқуқҳои динии сокинон дар кишвар поймол гардида истодааст. Биёед як назари одилона ва бовиҷдонона менамоем: дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал китоби муқаддаси мусалмонон – Қуръони маҷид бо забони ноби тоҷикӣ тарҷума ва тафсир гардида ба нашр расида дастраси сокинони кишвар гардид. Дар баробари ин бо ибтикори Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳри арҷ гузоштан ва зинда нигоҳ доштани номи фарзанди фарзонаи миллат Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит соли 2009-ро ҳамчун соли бузургдошти ин абармарди роҳи Ислом эълон доштанд. Лозим ба зикр аст, ки худи ҳамон сол дар пойтахти кишварамон ҳамоиши байналмилалӣ доир ба бузургдошти ин шахсияти наҷиб бо иштироки зиёда аз 500 нафар олимону сиёсатмадорон ва ходимони дин аз 100 давлати ҷаҳон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш яке аз мутафаккирони Шарқ бо як рӯҳияи баланд дар назди ҳозирин иброз дошт, ки: “Коре, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон барои зинда нигоҳ доштани абармардони Ислом кард, то ба имрӯз на араб кардаасту на аҷам”. Дар ин баробар бо кӯшиши Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе масҷиди бузургтарин дар Осиёи Марказӣ бунёд гардида истодааст. Чанд нуктаи дигарро метавон дар ин маврид баён дошт, вале барои шахсони ҳақиқатбин ҳамин нуктаҳо кофист, зеро гуфтаанд: “Як нуқта бас аст агар шуур аст”! Мутаассифона ҳамаи ин амалҳоро афроди хиёнатпеша ба хусус Муҳаммадиқболи Садриддин дида наметавонад ва аз он сарфи назар мекунад. Пайваста Муҳаммадиқболи Садриддин дар сомонаҳои ифротии худ бо нашри маводҳои туҳматангез ба номи миллат ва дин иснод оварданӣ мешавад, вале он ҳама дурӯғи маҳз аст. Аз ҳама тааљљубовараш он, аст, ки аз номи Ислом гап мезанад, лек бар зидди Ислом кор мекунад, чун Ислом дар ҳељ манобее нагуфтааст, ки шахси мусалмон фитнаангезӣ, дурӯѓгӯи, туҳматофарӣ ва иѓвоангезӣ кунад.

Дар филми мустанади “Бешарафӣ” аз рӯӣ кирдорҳои ѓайриахлоқии Муҳаммадиқболи Садриддин парда боз карда шуд ва бори дигар бо далелҳо ҳақиқат ошкор гардид. Ин хоини ватанфурӯш, ки заррае ҳам дар вуҷудаш нангу номус вуҷуд надорад баҳри пиёда сохтани дастуру супоришҳои манфиатхоҳони хориҷиаш аз ҳеҷ амали нангине даст намекашад.

Пас аз равшантар гардидани ин ҳақиқати таърих ба воситаи филми “Бешарафӣ” мардуми сарбаланди миллати тоҷик бори дигар чеҳраи разилонаи хоини миллати хешро аз наздик диданд ва дигар ҳаргиз ба суханҳои бофтаю сохта ва иғвоангезонаи он гӯш нахоҳанд дод. Имрӯз фурсати он расидааст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар баҳри саҳми арзанда гузоштан дар шукӯфоии кишвари азизамон - Тоҷикистон бикӯшад ва Истиқлолияту Ваҳдати миллиро бо арзиши ҷон ҳифз намояд.

Аҳлиддин АБДУРАҲМОНОВ,

мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши

шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2347
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1815
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2347
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:86132
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7728052

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?